Марҳилаҳо ва шартҳои шартнома

Раванди ташаккули муносибатҳои лизингӣ пайдарпаии муайяни амалҳоро барои бастани созишномаҳои дахлдор байни тарафҳо дар бар мегирад. Монанди ҳар як амалиёти мураккаби молиявӣ, дар амалиётҳои лизингӣ низ се марҳилаи асосӣ мавҷуд аст: омодагӣ ва асосноккунӣ, расмияти ҳуқуқӣ ва иҷро.

1
Марҳилаи №1
ПУР КАРДАНИ ДАРХОСТ БАРОИ ЛИЗИНГ

Муштарӣ дархост барои лизингро пур карда, онро барои баррасӣ ба мо ирсол менамояд.

2
Марҳилаи №2
ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ МОЛИЯВИИ МУШТАРӢ

Дар асоси маълумоти дархост мо хулоса мебарорем, ки анҷом додани муомила имконпазир аст ё не. Дар сурати мусбат будани хулоса, мо ба мувофиқа кардани шартҳои муомила шурӯъ менамоем.

3
Марҳилаи №3
МУВОФИҚА ВА ТАСДИҚИ ШАРТҲОИ МУОМИЛА

Дар ин марҳила арзиши объекти лизинг, шартҳо, муҳлатҳо ва арзиши таҳвилу насби моликияти лизингӣ, муҳлати лизинг, фоизи пешпардохт, фоизи маблағҳои ҷалбшуда, ҷадвали пардохтҳои лизингӣ ва дигар шартҳо мувофиқа карда мешаванд.

4
Марҳилаи №4
БАСТАНИ ШАРТНОМАИ ЛИЗИНГ

Шартномаи лизинг байни лизингдиҳанда ва лизинггиранда баста шуда, ба лизинггиранда ҳуқуқи истифодаи тамоми имкониятҳои лизингро медиҳад.

5
Марҳилаи №5
БАСТАНИ ШАРТНОМАИ ТАЪМИНОТ

Лизингдиҳанда бо таъминкунандаи объекти лизинг шартномаи таъминот мебандад. Шартномаи таъминот ҳамеша бо лизинггиранда мувофиқа карда мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо шартномаи сесамта баста мешавад.

6
Марҳилаи №6
ПАРДОХТИ АВАНСИИ ЛИЗИНГ

Дар асоси шартномаи лизинг, лизинггиранда пардохти авансиро ба лизингдиҳанда анҷом медиҳад.

Ирсоли дархост барои лизинг
Бо пахш кардани тугма, шумо розӣ мешавед босиёсати махфият
Марҳилаҳо ва шартҳои шартнома | Эсхата Лизинг